БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таваҷҷӯҳ ба тарбияи насли наврас эҳтиром ба ояндаи миллат

БОХТАР. Тибқи нақшаи баргузории вохӯриву мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳр» бо иштироки намояндаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳоров Искандар вохӯрӣ доир гардида, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ барассӣ карда шуд.

Дар вохӯрӣ мавсуф зимни суханронӣ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  мӯҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми ҳарсолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим-зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни кўдакон ва наврасон дар оила ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани насли наврас изҳори андеша намуд.

Тарбия ва ба камол расондани насли ояндасоз дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ  сарчашма  гирифта,  дар он бояд саъю талошу дарки масъулият ҷой дошта бошад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg