
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо намояндагии “Созандагони Ватан” корҳои фаҳмондадиҳӣ роҷеъ ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида истодаанд.
Зимни баргузории Аксия дар маҳаллаи Зардакиёни шаҳри Кӯлоб аз ҷониби кормандон ва волонтёрон ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии қоидаҳои гигиенӣ хотиррасон ва таъкид карда шуд, ки худ ва наздиконашонро аз сироятёбӣ аз ин бемории хавфнок ҳифз намоянд.