БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ БЕҲДОШТ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештарии манфиатҳои миллӣ. Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, хуруҷи  бемории сироятии короновирус, ки   ҷомеаи  ҷаҳониро  ба  ташвиш  овардааст,  ба кишвари  мо  низ  омада  расид. Ҳамарӯза  дар  аксари  кишварҳои  олам шумораи   зиёди  одамон ба  ин  беморӣ   гирифтор  шуда,  сироятёбӣ  ва  фавти  одамон  бар  асари  вируси  мазкур дар пурқудраттарин  кишварҳои  дунё хеле  зиёд  ба  қайд  гирифта  шуда  истодааст.  Бо  мақсади  ба  мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории  коронавирус гурӯҳи  кории    назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    дар  деҳаи  Наврӯз    бо    сокинон чорабинии ҳизбиро  баргузор  намуданд.

Аъзои  гурӯҳи  корӣ, бахусус  кормандони  Кумитаи  иҷроия ба  ҳозирин  оид ба  пешгирӣ  аз  ин  бемории  даҳшатнокро   фаҳмонида,   қайд  карданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоем.  Инчунин, масъулин  таъкид  намуданд, ки ҳар  яки  мо  дар    андешаи  сиҳатии  худ ва  таъмини  субот  бошем. Фаромӯш  накунем, ки  риояи  беҳдошт пешгирӣ аз коронавирус  аст.

Ҳамчунин,  дар  доираи  вохӯриҳо ба  ҳозирин  фаҳмониданд, ки коронавирус  табобатшаванда  аст  ва  ягон  нафар  бояд  ба  таҳлука наафтад, роҳи  наҷот  аз  он  эҳтиёту  тозагӣ,   риояи  гигиенаи  шахсӣ буда,  ба  иштиркчиён  варақаҳои  иттилоотӣ тақсим  карда  шуд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонӣ  аз  ҳисоби  Кумитаи  иҷроияи ноҳиявии ҳизб  маводи  безаргардонии маҳлули хлордор ба миқдори  1, кг. ва 100  адад  ниқоб  дастраси  сокинон  карда шуда,  манзили  зисти  онҳо, роҳу  кӯчаҳои  деҳа  безарар  гардонида   шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg