БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЙЗУ БАРАКАТИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ АЗ ЗАҲМАТИ ДЕҲҚОН АСТ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, пайваста сокинонро аз бемории сироятии коронавирус ва роҳҳои пешгирии он огоҳонида, таъкид бар он менамоянд, ки аз тавсияҳои табибон ва мутахассисон, ки дар васоити ахбори омма пешниҳод намуда истодаанд, ба таври васеъ истифода намуда, худ ва атрофиёнро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

Вохӯрии навбатии волонтёрон ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Абдулманонов Сорбон бо  усули “хона ба хона” дар Маҳаллаи №9 сурат гирифта, бо сокинон оид ба пешгирии бемории COVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода, иброз доштанд, ки ҳар яки мо бояд дастаҷамъона муқобили ин беморӣ мубориза бурда, бо кишт намудан ва гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳмгузор бошем.  Дар  анҷом   ба  сокинон варақаҳои иттилоотӣ, муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои муҳофизатӣ  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg