БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба осудагии рӯзгору зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст

ХУРОСОН. Дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия Подшоқулов Парвиз ва раиси маҳаллаи мазкур Шункаев Абдулҳафиз бо сокинони маҳал вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъулин дар самти шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Дар охири вохӯрӣ бо дастгирии сокинон дар маҳаллаи номбурда ташкилоти ибтидои ҳизбӣ бо номи  «Мирзо Турсунзода» таъсис дода шуда, Шункаев Абдулҳафиз раиси ташкилоти ибтидоӣ интихоб карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg