БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Санҷишу таҳлилҳо ба пешравии кор мусоидат карданд

ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фирӯз Пиров ва Гадоӣ Сайдалиев бо раисон ва котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк»-и ноҳия вохӯри  анҷом доданд.

Зимни баргузории  вохӯрӣ масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ-ро  баррасӣ намуда,  бо тарзи ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоӣ аз наздик шинос шуданд. Баъзе камбудию норасоиҳое, ки дар ҳуҷҷатгузории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ошкор гардиданд,  барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони мутасаддӣ  масъулин  маслиҳатҳои судманд доданд.

Инчунин, дар охир ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии номбурда  бо маводҳои таблиғотии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмин карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg