БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон мазраи умеду ормони тоҷикони ҷаҳон

ВОСЕЪ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Рӯзигул Қурбонзода  дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсозон» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Рӯзигул Қурбонзода дар назди иштирокдорон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ дар хона бо ҷалби шахсони бекор, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, диққати ҷидди зоҳир намудан ба тарбияи  фарзандон, сарфакоронаву самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи хизмати он суханронӣ намуда, ба кору  фаъолияти роҳсозон, ки  дар  маъракаҳои сиёсию ҷамъиятии ҳизбии ноҳия ҳамеша фаъол буда, дар корҳои ободонӣ ва тахту ҳамвор кардани  роҳҳои  автомобилгарди ноҳия саҳмгузор мебошанд, изҳори миннатдорӣ баён кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg