БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУРДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоя бо аъзоёни фаъоли ҳизбӣ –кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва бозорҳои ноҳия, ки ҷамъшавии сокинон аз ҳудуди  ноҳия дида мешавад, корҳои фаҳмондадиҳиро оиди тадбиру чораҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба роҳ монда, ба онҳо аз ҷониби масъулину фаъолон расму варақаҳои иттилоотӣ оиди пешгирии бемории сироятӣ ва  ниқобҳои тиббӣ тақсим карда дода шуд.

Ин иқдоми кормандону фаъолони ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамарӯза бо мардум ва табақаҳои гуногуни ҷомеа роҳандозӣ мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg