БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАМИН ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛИСТ!

АНДЕША. Иќтисоди љањон дар чанги пандемияи коронавирус рўз аз рўз рў ба таназзул оварда, мушкилоти ба табобат фаро гирифтани сокинони давлатњо ва ташкилу таъмини шароити муосири хизматрасонии тиббї  ба масъалаи асосї табдил меёбад. Яъне, имрўз давлатњои љањон танњо дар фикри бењдошти саломатии сокинони худ њастанд ва масъалањои иќтисоду саноат, фарњангу маориф бо назардошти эмин мондан аз хатари пањншвавии бемории коронавирус то як дараља мавќуф гузошта шудааст.

Воќеан барои инсон аз њама муњим саломатист ва солимии љомеа барои тањрезии наќшањои дигар дар њама соњањои хољагии халќ таъсиргузор хоњад буд. Бо назардошти вазъи њассоси љомеаи љањон имрўзњо суръати  рушд дар тамоми давлатњои сайёра ба маротиб коњиш ёфтааст ва ин омил моро муваззаф менамояд, ки дар мавриди истифодаи самараноки захирањои дохилї, бахусус истифодаи оќилонаи заминњои кишоварзию  наздињавлигї, рўёнидани њосили дилхоњи ѓалладонагию лубиёгињо, меваю сабзавот њар чї бештар аз имкониятњои мављуда истифода намоем.

Дар пасманзари афзоиш ва домон пањн кардани бемории коронавирус тибќи тањлилњо давлатњое бештар зарар мебинанд, ки иќтисодиёташон дар заминаи воридот истењсолкунанда ташаккул ёфта, аксари молу мањсулоти ниёзи мардум аз хориља дастрас мегардад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки барои таъмини эњтиёљоти худу хонавода ва дар маљмўъ ањли љомеа дар масъалаи истифодаи самараноки заминњои кишоварзї бо такя ба дастуру супоришњои Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз сари масъулият кору пайкор намоем. Зеро истифодаи самараноки њар рўзи табиати имсол дар муќобили мубориза ба афзоиши бемории коронавирус  пайту иќдоми хубест, ки мо њам  аз гирифторшавї ба ин беморї эмин мемонем ва њамчунин дар бењтар шудани шароити рўзгордории худ мусоидат менамоем. Машѓул шудан ба кори сањрої албатта, ки аз амалњои љамъшавии сарироњї моро боз медорад ва ин омил метавонад барои баланд шудани ќобилияти  иммунитети бадан мусоидаткунанда бошад. 

Дар масъалаи коркарди боѓу токзор,  истифодаи зањрхимикатњо барои  пешгирии њашароти зараррасон, кишти картошкаю сабзавот дар ќитъањои заминњои наздињавлигї дар минтаќањои кўњсори кишвар њанўз њам шароитњо хеле муфиданд.

Бинобар ин, лозим аст, ки мо ба ин масъала эътибори лозимї дињем, чунки бо ин васила мо метавонем дар оянда ба таъминоти ањолї бо маводи озуќавории аввалиндараља мусоидаткунанда бошем. Дар ин љода ба њама заминдорону хољагидорон масъулияту барори кор мехоњам.

Неъматов А. мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ЊХДТ дар ноњияи Ш. Шоњин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg