БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – омили баландбардории сатҳи зиндагии мардум

КӮЛОБ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб мутобиқи нақша дар ташкилоту муассисаҳо, кӯчаю маҳаллаҳо ва деҳаҳо бо мардум вохӯриҳо доир намуда, оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири баланд бардоштани урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ корҳои тарғиботию ташвиқотиро бурда истодааст.

Дар робита ба ин дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул дар вохӯрӣ оид ба эҳёву барқарор намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи анъанаҳои неки мардумӣ ва рӯзгори оилавӣ, инчунин моҳияти эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози аншеда намуд.

Инчунин, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ниҳолпарвар” Боронов Нурмуҳаммад баромад намуда, қайд кард, ки боиси сарфрозӣ ва ифтихор аст, ки Кӯлоби бостонӣ аз қадим бо ҳунару ҳунармадони хеш машҳур буд, ки то имрӯз ин ҳунарҳо аз насл ба насл гузашта, ба хотири он як қатор кӯчаю маҳаллаҳо бо номҳои “Чармгарони поён ва боло, Оҳангарон, Кафшгарон, Заргарон” ва ғайраҳо ба ин монанд арзи вуҷуд доранд, ки сокинони ин маҳаллаҳо бо тайёр кардани ҳунарҳои дастӣ машғул мебошанд.

Дар охир аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки соҳаи сайёҳӣ муррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад,  барои рушди ин соҳа дар ҳамбастагӣ иқдом хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg