
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар дунё ятимон, барҷомондагон ва касони муҳтоҷи ёриро дастгирӣ кардан амали хайру савоб аст. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳамаи баромадҳояш иҷрои ин амали неку савобро таъкид намуда, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва дигар сарватмандонро барои анҷоми корҳои хайру савоб ҷиҳати дастгирии ин қишри ҷомеа даъват ва ҳидоят менамояд.
Он суханони падарона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, ки мо ятимон, бепарасторон, шахсони яккаву танҳо, беморон ва дигар муҳтоҷи дастгириро аз ёд намебарорем, ба онҳо ҳамеша дасти кӯмак дароз менамоем, мисли шиорест, ки дар асоси он одамон корҳои хайру савобро анҷом мебахшанд.
Дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо роҳбарии раиси КИ пайваста аз ҳолу аҳволи шахсони муҳтоҷи ёрӣ хабар гарифта, мувофиқи имкон ба онҳо ёрии молию пулӣ мерасонанд.
Чунин амали хайр аз тарафи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа дар деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт сурат гирифт.
Модари бемор Носирова Савзамо аз аёдати раиси КИ ва кӯмаки ба ӯ расонидашуда изҳори миннатдорӣ намуда, дар ҳаққи Сарвари давлат барои ғамхории доимӣ нисбати чунин шахсони барҷомонда дуои нек намуд.
Ҳар кӣ хандонад ятими хастаро,
Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.