БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирӣ ва фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории  коронавирус гурӯҳи  кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Носири Хусрав  тибқи нақшаи чорабиниҳои  таҳиянамуда корҳои  фаҳмондадиҳиро оид ба  пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро дар  байни  сокинони  ноҳия бо усули  «Хона ба хона» ҳамарӯза идома дода истодаанд.

Аъзои  гурӯҳи  корӣ дар деҳаи  Навободи Ҷамоати деҳоти  Фирӯза  вохӯриҳо бо  усули «Хона ба хона» баргузор намуда,  ба сокинони деҳа  роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирусро фаҳмонида,  барои пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявӣ-таъкидии Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти  Хатлон  ва Муроҷиатномаи ҲХДТ, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.  Ҳар  як  шаҳрванди  поквиҷдон дар  мубориза  барои  пешгирии  ин  вабо масъул  мебошад, ба  қавли  шоир:  «Ҷон ба раҳи Ватан нисор мо накунем, кӣ  мекунад?!» .  

Ба  сокинони  деҳа  фаҳмонидани роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирус,   қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон  нигоҳ доранд  ва барои  иҷрои варақаҳои  тавсия ва таъкиди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  вилояти  Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар  карда шуд, ки бештар гигиенаи  шахсиро риоя намуда, моҳияти  худдорӣ  кардан аз  иштирок дар  чойҳои  серодам  ва ҳар гуна  ҷамъшавиҳои безаруратро фаҳмонида  дода  истоданд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста ба безараргардонӣ аз ҳисоби  Кумитаи  иҷроия маводи безараргардонии маҳлули хлор ба миқдори  0,5 кг ва 15  адад ниқоб дастраси сокинон  намуда, манзили  зисти  онҳо, роҳу  кӯчаҳои  деҳа     безарар  гардонида   шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg