БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ ВА ОНРО БОЯД ҲАМЕША ҲИФЗ НАМУД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус  ва ҳифзи саломатии  шаҳрвандон гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири Хусрав   дар деҳаи  Муъминобод тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамуда корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро тибқи ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ дар  байни мардум  ва кормандони ташкилоту муассисаҳо, кормандони  саҳро ҳаматарафа ба роҳ  монда истодааст.

Ҷиҳати ба сокинони деҳа фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории  коронавирус гурӯҳи  корӣ  бо  усули «Хона ба хона»  ва дар  саҳроҳо вохӯриҳо   баргузор  намуда, таъкид  намуданд, ки қоидаҳои  беҳдоштро дар хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  иҷрои варақаҳои тавсия ва таъкидии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Муроҷиатномаи ҲХДТ-ро тақсим намуданд. Ёдовар намуданд, ки бештар ба гигиенаи шахсӣ риоя намуда, моҳияти  худдорӣ  кардан аз  иштирок дар  ҷойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳои  безарурат    фаҳмонида дода  шуданд.

Ҳамчунин, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин, бо аъзои  хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар  ихтиёрашон бударо  вобаста ба вазъи имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ҳаматарафа фаҳмонда доданд. Ба  сокинони деҳа барои безараргардонӣ  ба  миқдори 1.5 кг гипохлориди калсий ва 25 адад ниқобҳои муҳофизатӣ тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg