БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАКИЛИ ХАЛҚ АЗ ҲОЛИ ХАЛҚ БОХАБАР АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат -бақои давлат!” Аз ҷониби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахусус, шахсони саховатпеша, соҳибкорони ватанӣ ва вакилони мардумӣ  бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дастгирии оилаҳои ниёзманд  чораҳои  зарурӣ  амалӣ шуда истодаанд.

Дар пайравӣ ба ин, бо ибтикори вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии Кӯлоб №37 Шарифҷон Ҳакимзода ба зиёда аз 30 оилаи ниёзманди шаҳри Кӯлоб кӯмаки яквақтаинаи моддӣ равона карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҳамаи тадбирҳои андешидашуда, баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирус равона гардида, дар доираи ташаббуси Пешвои муаззами миллат амалӣ шуда истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg