БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБҲОИ ТАБОБАТИИ ТОҶИКИСТОН

                                           Об ҳасту ҳаёт пойдор аст,

                                           Об ҳасту замину киштукор аст.

                                           Маҳсули ҳама ҷахони ҳастӣ

                                           Аз ҳастии оби файзбор аст.

 

       АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ба сифати ташаббускору пешсаф ва фаъол ҷиҳати ҳалли масоили глобалӣ, махсусан, вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Об захираи бузургест, ки будани он ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзию озодагӣ мебахшад. Тоҷикистон кишвари аз об фаровон буда, бо табиати зебояш ном баровардааст. Истифодаи самараноки захираи оби бешубҳа такондиҳандаи иқтисод, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳои ҳаёти халқ маҳсуб мешавад, ки мо мисоили равшани онро ҳам дар таърихи кишвари худ ва ҳам дар таърихи кишварҳои дигари ҷаҳон мебинем.

                    Аз сарвари мо чунин хитоб аст:

                   "Сарчашмаи зиндагонӣ об аст".

       Ривояте ҳаст, ки “Марди солоре дар ғариби ба дарди ҷонкоҳе мубтало шуд. Кор то дараҷае расид, ки маҷбур шуданд ба марди солор об чаконанд, ҳамин тавр ҳам карданд, ба даҳони ӯ як маротиба об чакониданд. Вақте, ки дафъаи охирон обро мечакониданд ӯ саркаши намуд ва гуфт “оби аввал”. Оё медонед “оби аввал” гуфта пирамард чиро дар назар дошт? Ӯ бо худ дар ҷоми хурде об дошт. Вақте ки он об тамом шуд, ба ӯ оби дигар чакониданд. Аз ин бар меояд, ки ширинтарин об оби Ватан будааст.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираи фаровони об буда, дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баъд аз Федератсияи Русия дар ҷойи 2-дуюм меистад. Ба ҳисоби миёна 55,4% обҳои равони баҳри Арал аз диёри мо сарчашма мегирад, ки дар як сол 64 километри кубиро ташкил медиҳад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хоса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо, сохтани манзил истифода мебарад. Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Инсон дар тамоми ҳаёташ аз об истифода мебарад. Дар натиҷаи нарасидани оби тозаи нӯшокӣ ва ё чиркин будани он одамон ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд. Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯзаро масъалаи оби тоза ташкил медиҳад. Чунки 80 давлати дунё дар ин бобат дучори мушкилотанд ва аз ин неъмати бебаҳо танқисӣ мекашанд. Албатта, қабули ин ҳама иқдомот ва пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ саҳлу осон нест. Пазируфтани онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ худ гувоҳи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ буда, мо ва ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки ин неъмати бебаҳоро самаранок ва сарфакорона истифода барем. Об яке аз чор унсури мавҷудоти олам аст, ки муқаддас дониста мешавад. Об яке аз сарватҳои зебоии табиат аст. Гузаштагони мо ба об муносибати сарфакоронаю оқилона намуда, онро манбаи ҳаёт меномиданд. Боиси ифтихормандист, ки Маҷмааи умумии СММ 23-юми декабри соли 2003 пешниҳоди Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта давраи аз соли 2005 то 2015-ро даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028-ро “Даҳсолаи амал об барои рушди устувор” эълон намуданд.

       Воқеан ҳам об сарчашмаи зиндагӣ, манбаи асосии тозагию зебогии табиат, рӯшноӣ ва мӯъҷизаи бузург аст. Инсон вақте ки ба дунё меояд, ӯро бо оби тоза ғусл медиҳанд. Ҳангоме ки инсон аз дунё мегузарад, дар лаҳзаҳои вопасин ба ҳалқаш об мечаконанд ва пеш аз гӯронидан низ бо об ғусл медиҳанд. Аз нигоҳи ислом низ мо бояд нисбат ба об исрофкорӣ накунем. Дар ҳоле ки бисёр давлатҳои ҷаҳон солҳост, ки бо хариду фурӯши оби тозаи нӯшокӣ сару кор доранд. Дар Тоҷикистони мо нисбати об баъзеҳо беэътиноӣ мекунанд. Дар бисёре аз кишварҳо обро мехаранд. Масалан, ИМА аз Канада, Олмон аз Шветсия, Арабистони Саудӣ аз Малайзия обӣ нӯшокӣ мехаранд.

       “Дар ноҳияи хушманзараи Муъминобод чашмае бо номи “Толеъ” мавҷуд аст, ки аз ҷиҳати тамъу мазза ва таркиби химиявии он аз нуқра бой буда, хусусиятҳои шифобахшӣ дорад. Шифобахшии он ба оби чашмаи Зам-зами шаҳри Мадинаи Мунаввара шабоҳат дорад”.

       Мо худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар кишвари Руссия дар мағозаҳои хӯрокворӣ оби тозаи нӯшокӣ дар зарфҳои 5-литра бо маблағи 80-100 рубл фурӯхта мешавад. Дар кишвари мо рӯдҳои сероби Панҷ, Зарафшон, Сир, Вахш, Сурхоб, Хингоб, Варзоб, Кофарниҳон ва боз даҳҳои дигар мавҷуданд, ки аз пиряху барфҳои нуқрагин ва чашмасорҳои дилрабою мусаффо сарчашма гирифта, заминҳои ҷумҳурӣ ва берун аз онро сарсабз намуда, ҳайвоноту наботот ва одамонро бо об таъмин менамояд. Тоҷикистони азизи мо бо обҳои гарму шифобахши Ҳазорчашма, Анзоб, Ҳавотоғ, Шоҳамбарӣ, Обигарм, Гармчашма, Хоҷа оби гарм ва ғайра машҳур гаштааст. Обҳои табобатии он дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол намудаст. Он обҳо ҳар сол ба дарди садҳо дардмандон даво мебахшад.

       Шукронаи Худованд, ки дар сарзамини биҳиштосои мо неъмати обро арзонӣ доштанд. Халқи тоҷик аз қадим ин неъматро қадр намуда, ҳамеша барои диёри сарзамини худ онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамуд.

Ибронзода Фарзона, узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg