БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ - БОЙИГАРИИ ДАВЛАТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо иштироки волонтёрони Кумитаи иҷроия аксияи навбатии ҳизбии иттилоотӣ - тарғиботӣ гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории аксияи иттилоотӣ -тарғиботӣ ин ба мардум фаҳмонидани чораҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), риояи гигиенаи шахсӣ, пушидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фаҳмонидани чораҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон доир ба пешгирии пандемияи коронавирус мебошад. Зимни баргузории аксияи мазкур волонтёрони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, ки аксари онҳо донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳр мебошанд, дар бораи нишонаҳои мубталоёфтагони ин беморӣ, роҳҳои пешгирӣ, мунтазам доир намудани тамизкорӣ дар муҳити зист ва ғайра ба сокинон маълумот доданд.

Ҳамзамон, волонтёрон ба шахсоне ки дар кӯчаҳои шаҳр бе ниқоби тиббӣ буданд, ниқоби ройгон тақсим намуда, даъват карданд, ки бо мақсади ҳимояи саломатии худ ва атрофиён бе ниқобҳои тиббӣ ва безарурат ба кӯча набароянд. Зеро саломатии ҳар миллат боигарии он ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ дар доираи аксияи иттилоотӣ – тарғиботӣ зиёда аз 300 адад ниқобҳои тиббӣ ба тариқи ройгон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg