БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУЗАРОНИДАНИ ШАНБЕГӢ ҲАР ҲАФТА ТАҲТИ ШИОРИ “ТОЗАГӢ- ГАРАВИ САЛОМАТӢ”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Чун ҳар ҳафта шанбегии умумӣ ва тоза кардани гирду атроф ва бинои КИ ҲХДТ аз ҷониби кормандон ба роҳ монда шуд, ки дар арафаи ҷашни Ҷавонон ва Иди саиди Фитр амали саривақтиву қобили дастгирӣ ва намунаи ибрат барои ҳамаи кормандони ташкилоту муассисаҳо мебошад.

Дар раванди муқовимат бо бемории сироятии коронавирус, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологӣ тавассути ба роҳ мондану гузаронидани шанбегиҳо яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.

Мунтазам ба роҳ мондани корҳои ободонӣ, тозакунӣ, безараргардонии макони зист ва биноҳои маъмурию кӯчаву хиёбонҳо яке аз омилҳои муҳим барои муқовимат бо коронавирус ва пешгирии сироятёбии шадиди ин вабои аср мебошад.

Бо назардошти ин, бо ташаббус ва иқдоми пешгирифтаи роҳбарияи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳия ва ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳиявӣ шанбегиҳо ва корҳои тамизкориву безараргардонӣ бо ҷалби фаъолони ҳизб ва кормандони ҳизбӣ амалӣ гардонида мешаванд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg