БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҚТ РАФТ, НАҚД РАФТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи иҷроия ва дигар аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ дар маҳаллаи Сари мазори–2 аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии 58 оила дидан намуда, ба онҳо барои сари вақт анҷом додани кишту кори баҳорӣ маслиҳат доданд.

Қайд намуданд, ки аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода намоянд. Беҳуда нагӯфтаанд, ки “Як рӯзи баҳор пур кунад анбор” ва ҳамчунин таъкид намуданд, ки ба нигоҳубин ва обуғизодиҳии сабзавот ва дигар зироатҳои киштнамуда, аҳамияти ҷиддӣ бидиҳанд.

Дар суҳбат бисёре аз сокинон изҳор доштанд, ки соли ҷорӣ аз заминҳои худ зиёда аз як ҳосил меруёнанд баъди ҷамоварии картошка сирпиёз сабзӣ кабудиҳо дар заминҳои холишуда макка сабзӣ ва дигар сабзавотҳо кишт гузарониданианд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки мардум дар асоси ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ истифодаи самараноку мақсадноки заминҳои дар ихтиёр доштаашонро ба хубӣ дарк намудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg