БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОНИ ДЕҲАИ ТУТАК БА ҲАМАИ СУОЛҲОИ ХУД ҶАВОБ ГИРИФТАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Тутаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо бошандагони бештар аз 59 манзилҳои истиқоматӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “Хона ба хона” суҳбат гузарониданд. Ҳангоми суҳбат таъкид намуданд, ки барои пешгирии ин беморӣ гигиенаи шахсию ҷамиятиро риоя намоянд ва пас аз анҷоми ин ё он кор ва алалхусус, сару кор гирифтан бо ҳайвонҳо, баъди қазои ҳоҷат дастонро бо собун ва ё маҳлулҳои антисептикӣ бишӯянд. Аз гаштугузор дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд, бе ниқоб ба кӯча набароянд ва ба тавсияи додаи табибон ва аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ гӯш дода, бо он амал кунанд.

Сокинони хонаҳо аз гирифтани ниқоб ва варақаҳои иттилоотии хайриявии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg