БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРУИ БУЗУРГУ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТАНД

АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҷавонон ҳамчун нерӯи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташабусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияи муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд. Дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон ба сифати як нерӯи бузургу боэтимод, пуриқтидору бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа шинохта ва эътироф шудаанд. “Ҷавонони мо дар ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги милли хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд” – иброз доштанд дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Аз ҳамин лиҳоз, ҳар як ҷавони бонангу номӯс бояд ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат Раиси муаззами  ҲХДТ саъю талоши худро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, рушди илму техника ва бунёдкорӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан равона созад, таърихи ба истиқлолият расидани давлати Тоҷикистон ва ба сулҳу ваҳдат омадани миллатро, бо ҳама бурду бохтҳояш, биомузад.

         Мо, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъ дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодӣ миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти мамлакат ҳиссаи муносиб мегузорем, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунем, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона хифз менамоем ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти ноҳия ва дар маҷмӯъ кишварамон саҳми арзишманд мегузорем.

         Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дасти мову шумост. Имрӯз мо имкон дорем, ки бо истифода аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар дилхоҳ гӯшаву канори дунё дар муассисаҳои бузурги давлатҳои тараққикарда таҳсили илм намоему мутахассиси арзандаи касби интихобкардаи худ гардида, баҳри рушду нумуи Ватани азизамон хизмати шоиставу содиқона намоем. Мову Шумо бояд ифтихорманд аз он бошем, ки дар чунин Ватани азизу маҳбуб ва орому осоишта ва соҳибистиқлол, ки бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст, зиндагӣ карда истодаем. Ҳамин соҳибистиқлолию осоиштагӣ ва оромӣ аст, ки мову шумо озодона сухан мегӯему дар дилхоҳ муассисаҳои олии кишвар ва хориҷ аз он таҳсили илм карда истодаем.

         Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, ҳамаи шумо насли умеду орзӯи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонон ба ҳама ҷавонони шарафманду баномуси Тоҷикистон муборак!                   

 

Бодомов Назрулло, мудири шуъбаи ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи М.  С. А. Ҳамадонӣ                                    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg