БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАНЪИ ИДИ ОММАВӢ ТАЛАБИ ЗАМОН АСТ!

ВОКУНИШ. Имсол бори аввал аст, ки Иди Саиди Фитр на танњо дар кишвари мо, балки ќариб дар тамоми давлатњои мусулмонї дар вобастагї бо ба амал омадани хурўљи бемории коронавирус ба таври оммавї, чуноне ки дар солњои гузашта буд, љашн гирифта намешавад. Манъ гаштани тамоми чорабинињои оммавї, манъи тањсил дар муассисањои таълимоти миёнаву олї ва њамчунин намозгузорї дар масљидњо мањз ба хотири солимии мардум ва пешгирии пањншавии беморї дар миёни оммаи васеи ањолї андешида шудааст.

 Мардум бояд дуруст дарк намоянд, ки худдорї аз рафтан ба љойњои љамъиятї, риояи масофа ва ихтиёр кардани хонанишинї яке аз роњњои дуруст ва самарабахши пешгирии ин беморист. Мо бояд аз андешаи солим кор гирифта, ба хотири муњофизати худу дигарон нишондодњои Вазорати тандурустї ва њифзи иљтимоии ањолиро пурра риоя намоем.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар рўзи Иди Саиди Фитр, ки рўзи 24-уми май муайян гардидааст, идгардаки кўдакон ва ба табрики якдигар рафтани калонсолон ќатъиян манъ аст. Бо ќарори Шўрои уламои Маркази исломии Љумњурии Тољикистон њар як намозгузор намози идро дар манзили истиќоматии худ бояд иљро намояд. Манъи оммавии ид талаби замон аст ва набояд боиси норозигии касе аз шањрвандон гардад. Дар чунин рўзњо танњо бо риояи њатмии талаботи дар боло зикршуда метавонем садди роњи доман пањн кардани беморї гардем ва муњимтар аз њама худу наздиконамонро дар офият нигоњ дорем.

Имрўзњо дар шабакањои интернетї касоне пайдо шудаанд, ки њатто ин рўзи сиёњи ба сари мардуми тамоми сайёра омада ва њассосияти зиёд доштани мардуми моро нисбат ба дину мазњаб ба њукмњои ислом истифода бурда, бо суханони дуруѓу беасос мехоњанд онњоро нороњат созанд ва нобовариашонро нисбат ба давлату њукумат ба вуљуд биёранд. Ин гурўњи камфаросат ва ин афроди иѓвогар њељ гоњ дар андешаи дар амният будани мо мардуми оддии кишвар нестанд. Онњо дар фикри онанд, ки бо њар роње ба сари ќудрат бирасанд. Вагарна, бадтарин инсон рўзњои сахти ба сари тамоми инсоният омадаро барои расидан ба ниятњои нопоки худ истифода намебурд.

Бинобар ин, аз њар сокини шањр эњтиромона хоњиш менамоям, ки бо афкори солим ба андешаи созанда ба вазъи бавуќуъомада бањо дињанд ва нагузоранд, ки нохалафе тинљию оромии ватани азизи моро халалдор созад.

Мустаќим Саидов, аъзои фаъоли ЊХДТ дар шањри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg