БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ОИЛА ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС БУЗУРГ АСТ!

АНДЕША. Оила дар таълиму тарбияи фарзанд ва ташаккули насли ояндасози љомеа   басо наќши бориз дорад.

Вазъи њассоси љомеаи кунунї масъулияти оиларо дар пешгирии ин љанге, ки душманаш ба чашм ноаён аст, боз њам бештару дучанд мегардонад.   

Бемории пандемияи короновирус, ки имрўз дар тамоми рўи замин пањн гаштааст, тамоми олимону коршиносони тибби љањониро мутааљљиб сохта, дар як ваќт бо назардошти фарњангу њуввияти миллии халќњо наќши оила дар раванди риояи бењдошти шахсию хонаводагиро мутаассиртар сохт.

Олимони тољик ба он назаранд, ки дертар омадани ин бемории сирояткунанда ба давлати мо ин аз иќболи баланди мардуми мо шањодат медињад. Чунки мо аз таљрибаи дигар давлату миллатњо бархўрдор гаштем, гарчанде ки мутахассисон дар пайдо кардани давои ин беморї сахт мутаваљљењ гаштаанд, вале яке аз роњњои баромадан аз ин вартаи марговар ё пешгирї аз ин бемориро дар риояи гигиенаи шахсиву љамъиятї медонанд. Ва, бешак сањми оила дар риояи бењдошти хонаводагї барои аз мушкилоти пањншавии ин беморї љилавгирї намудан хеле назаррас аст.

Чи тавре ки мегўянд: «Тозагї ин гарави саломатист!». Риояи тозагї хоњ шахсиву гоњ љамъиятї аз оила сарчашма мегирад. Волидайнро месозад барои дастгирии табибон, ки љони худро дар хатар гузошта, бањри пешгирї, бењгардонии сињатии омма ва паст кардани суръати афзоиши ин беморї муборизаи беамон бурда истодаанд, дар тарбияи тозагию дараљаи зебопарастии фарзандон бояд бетафовут набошанд. Зеро тарбияву назорати бењдошти шахсї дар оила албатта аз дараљаи баланди масъулияти волидайн вобаста буда, бо ин васила мо метавонем, ки худу дигаронро аз ин беморї наљот бахшем.

Бинобар ин, аз тамоми волидайн, ки дар љомеа як љузъи давлат њисобида мешаванд, даъват ба амал меорем, ки дар назорату тарбияи фарзандон дар муќобили мубориза ба пањншавии бемории маргбори коронавирус фориѓболу бепарво набошанд. Зеро мо дар муттањидї ва риояи љиддии тавсияњои мутахассисон дар муддати кўтоњ ин вабои асрро метавонем пушти сар созем. 

 Мавзуна Сунатуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва љавонони КИ ЊХДТ дар ноњияи Ш. Шоњин

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg