
ВОСЕЪ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории коронавируси навъи (COVID-19) ва оқилона истифодабарии замин дар деҳаи Восеободи калони Ҷамоати деӽоти ба номи А. Авазов чорабинии ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо усули “Хона ба хона ” баргузор гардид.
Масъулин зимни суӽбат қайд карданд, ки барои таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон самаранок истифода намуда, киштукори зироатҳоро ба роҳ монанд ва ҳосили фаровон ба даст оваранд, наздикони худ ва дигаронро бо маводи озуқаворӣ таъмин созанд.
Инчунин, ба сокинон оид ба пешгирӣ аз бемории коронавируси навъи COVID-19 варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.