
ВОСЕЪ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии хавфноки коронавирус (COVID-19) ва истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин аз ҷониби масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Навободи ҷамоат деҳоти Тугарак мулоқот доир карда шуд.
Дар мулоқот Иботов Диловар ва Тоиров Хуршед дар рафти сӯҳбат бо сокинон, вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ, варақаҳои таблиғотӣ дода шуда, инчунин оид ба корҳои созандагиву ободонӣ, захираи маводи хӯрока бо истифодаи заминҳои корам дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон ибрози андеша намуда, сокинонро ба меҳнати софдилона ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ раҳнамоӣ карданд.