
ВОСЕЪ. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Кафтархонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов корҳои оммафаҳмониро аз рӯи усули “Хона ба хона” баргузор намуданд.
Масъулин зимни корҳои оммафаҳмонӣ дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус ва пешгирӣ аз он тавсияҳои судманд дода, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории СОVID-19 дастрас карда шуд.