ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ин аёдати беморон ва дасти кумак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷамнди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ин асос дар моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии узви фаъоли ҲХДТ, соҳибкори муваффақ Азимов Руслан дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” 4 нафар маъюбону собиқадорони ҷангу меҳнати деҳаҳои Чавроқ, Гузари Тори Ҷамоати деҳоти Кангурт ва деҳаҳои Дӯстӣ ва Чинори Ҷамоати деҳоти Қарақамиши ноҳияи Темурмалик аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуд. Аз ин иқдоми неки шахси саховатманди диёр сокинон шоду мамнун гардида, ташаббуси навбатиро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

ЭЪЛОН ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ЗОДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ”
АЁДАТИ ИШНАЗАРОВА ЛОЛАХОН СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАРОН
Архивӣ Моҳона
- Май 2026 (58)
- Апрел 2026 (3)
- Март 2026 (4)
- Феврал 2026 (36)
- Январ 2026 (66)
- ноябр 2025 (3)
- Октябр 2025 (14)
- Сентябр 2025 (53)
- Август 2025 (10)
- Апрел 2021 (177)

















