БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАҶАМЪОНА МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар кӯчаву маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук, ки назар ба дигар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, ки аҳолии бештар дорад,  корҳои таблиғотӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  бо истифода аз нақлиёти таблиғотӣ, ки дар он баландгӯяк насб карда шудааст, аҳолиро ба риояи қоидаҳои гигиенӣ, истифодаи ниқоб ҷалб намуданд. Дар рафти ин чорабиниҳои таблиғоть ҳамчунин бо усули “хона ба хона” варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории нави коронавирус ва Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сокинон дастрас карда шуд.

Дар баробари ин аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қитъаҳои замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, саҳми худро дар захира намудани ғизо гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg