БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ БЕҲТАРИН ТАДБИР АСТ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав  як қатор  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  беморӣ   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   миёни сокин бо  усули  «хона  ба  хона», ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  бо иштироки гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав доир гардида истодааст.

Чунин чорабинии ҳизбӣ  дар  деҳаи  Сангоба 3-и   Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  баргузор гардида, аъзои гурӯҳӣ таблиғотӣ оид ба  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирус     тавсияҳои судманд дода, таъкид карданд,  ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  худ  ва  оилаашонро  аз  ин  беморӣ ҳифз  намоянд.  Ҳамзамон,  масъулин оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19»  андешаронӣ карда, таъкид   намуданд, ки  ягон  ваҷаб  замини кишоварзӣ холӣ  намонда  бояд самаранок  истифода  карда  шавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg