БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ДАР МАҲАЛ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бинобар тасдиқ гардидани мавҷудияти бемории сироятӣ коронавирус ( COVID -19) дар Тоҷикистон  корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ бо усули  “ хона ба хона” дар маҳал пурзӯр карда истодааст.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, дар 75 адад хонаҳои истиқоматӣ дар деҳаҳои  Пушинг   ва Шаршари Ҷамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара вобаста ба масъалаҳои дар боло қайдшуда чорабинии ҳизбиро бо усули “хона ба хона” гузарониданд, ки дар онҳо 453 нафар аз тавсияҳои масъулин бархӯрдор гардиданд.

Инчунин,  ба ҳар як оила аз ҷониби раиси гурӯҳи  вакилии ҳизбӣ, раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  Каримзода Пирмаҳмад 500 дона ниқобҳои муҳофизатӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд. Дар ин раванд ду намуд варақаҳои  таблиғотӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ,  оид ба истифодабарии самараноки қитъаҳои замини  наздиҳавлигӣ ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ   бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии  коронавирус ба  сокинон дастрас карда шуданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg