БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) дар ноҳияи Ёвон бо истифода аз техникаи соҳавӣ ва маводи зиддиэпидемикӣ тадбирҳои пешгирикунандаро ба таври мунтазам роҳандозӣ карда истодааст.
Мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезинфексионии ноҳия ҳамарӯза 80-100 хонаи истиқоматии шаҳрвандон, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарду пиёдагардро бо маҳлулҳои “Алмадез”, гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар мегардонанд.
Дар назди беморхонаи марказии ноҳия Ситоди доимоамалкунандаи зиддиэпидемикӣ ва 87 гурӯҳи кории табибон, ҳар яке дар ҳайати 30 нафарӣ, таъсис дода шудааст. Гурӯҳи кории  мазкур ҳамарӯза тариқи усули «хона ба хона» аз 1500 то 2000 хонаводаро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ фаро мегиранд.
Имрӯз дар Беморхонаи марказии ноҳия 3000 дона ниқобҳои бисёристифодашавандаи тиббӣ, 1000 ҷуфт дастпӯшакҳои тамизшуда, 2000 ҷуфт дастпӯшакҳои яккарата, 200 адад шиша маҳлули зиддисептикӣ, 20 қуттӣ аналгин, 50 қуттӣ димедрол, 50 қуттӣ новокаини 0,5-фоиза, 30 қуттӣ лидокаини 1-фоиза, 800 адад система, 300 шиша метронидазол, 500 шиша рингери 500 миллилитра, 30 шиша рингери 250 миллилитра, 140 шиша маҳлули натрий-хлориди 500 миллилитраи 0,9 фоиза, 200 шиша маҳлули натрий-хлориди 200 миллилитраи 0,9-фоиза, 1600 шиша сефтраксон, 800 шиша сефазолин, 20 қуттӣ рибоксин, 20 қуттӣ кислотаи аскорбинӣ, 40 баста диазолин (ҳаб) , 260 ампула дексамитазон, 6 баста фурасимед (ҳаб), 250 шиша амоксатсилин, 1500 адад скарификтор, 24450 адад сӯзандору ва 120 кг гипохлорид захира карда шудааст.
Дар шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия изоляторҳо бо 50 кат, инчунин, 4 бокс ва маводҳои зарурӣ захира гардида, як ҳуҷраи интенсивӣ, 4 оксигенератор, 6 таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ ва 8 нафар табибон дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Аз моҳи феврали соли равон то имрӯз 6 нафар сокинони ноҳия, ки аз хориҷи кишвар баргашта буданд, ба муҳлати 14 рӯз таҳти табобати карантинӣ фаро гирифта шуданд. Гирифторони бемории илтиҳоби шуш (навъҳои вазнин ва музмин) дар ин давра ба қайд гирифта нашудаанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg