БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО ПАЙВАСТА АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ МУҲОФИЗАТ НАМО!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Балҷувон бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ин беморӣ вохӯрии навбатӣ бо  омӯзгорон ва кормандони муассиса    баргузор гардид.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ҳар як нафарро мебояд, ба гигенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад,  то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ  аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд. Омӯзгорон, ки ба таълиму тарбияи ҷавонону наврасон машғул ҳастанд, мебояд аз давраи мактабӣ оғоз намуда, хонандагонро ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ ва зебоипарастӣ тарбия намоянд. Ҳамчунин ба иштирокдорон тавсияҳои  Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус  расонида шуд.

Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти коронавирус Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштиро тавсия медиҳад, ки зуд-зуд дастонро бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо  рӯймолчаи яккарата  пӯшондан лозим аст. Аксар  вақт бояд дастон ва рӯйро бо моеи дорои спиртӣ ва ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кардан зарур мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg