БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛАЪНАТИ ХУДО (Ҷ) БА ОНҲОЕ, КИ АЗ ИН МУШКИЛОТУ ТАҲАВВУЛОТҲОИ БААМАЛОМАДА САРИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТ МАНФИАТҲОИ ХУДРО ДАР КИШВАР ПИЁДА МЕСОЗАНД!!!

ВОКУНИШ.  Воқеан ҳам, дар Ватани азизу маҳбубамон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳаи тандурустӣ, барои пешгирии Коронавирус тамоми чораҳои лозимию зарурӣ роҳандозӣ гардидаву барои боз ҳам пурзӯр гардонидани он дар муассисаҳои таълимии кишвар таътили муваққатӣ эълон гардида, аксар чорабиниҳои гуногуни оммавӣ манъ гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии паҳншавии Коронавирус, ҷиҳати андешидани боз ҳам бештари тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар супоришҳои мушаххас доданд.

Дар доираи ин дастурҳо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус орд, равғани растанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ чораҳои саривақтӣ андешанду дар ин самт корҳои амалӣ ҷиддӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Дар айни ҳол, тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шабонарӯзӣ миёни сокинони кишвар буда, истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии Коронавирус корҳои фаҳмонидадиҳиро оид ба тозагиву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштии гигиенаи шахсиро мунтазам ба роҳ мондаанд.Мусаллам аст, ки бо ҳамин мақсадҳо дар кишварамон бо дастгирии ниҳодҳои масъул тадбирҳои судманди пешгирикунанда андешида мешаванд ва шуда истодаанд, ки ҳамаи онҳо дар амал татбиқ хоҳанд гашт.

Овардаанд, ки:

Дӯст он бошад,ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Муттаассифона, «болои сӯхта намакоб» аз ин ҳолати бавуҷудомада ба ҷои дасти кумаке дароз кардан аз ҷониби кадом нафар ё гурӯҳи манфиатдор, аниқтараш аъзои Гурӯҳи 24 ва пайравони ба ном «Паймони миллӣ» таҳти роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ (раиси ҳизби мамнуи ҲНИ) хабарҳои ноустувору беасос, тариқи воситаҳои шабакаҳои гуногуни интернетӣ паҳн гардида, дар байни мардум, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ яъсу ноумедӣ ё саргардониҳои зиёдеро ба бор оварда истодаанд.

Ҳамагон огоҳанд, ки вируси Корона як намуди беморӣ аст, ки ба муқобили он бо саъю талош, яъне бо риояи чораҳои пешгирӣ, риояи гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, парҳез аз ҷойҳои серодам, баланд бардоштани масунияти бадан бояд мубориза бурд ва пешгирӣ аз ин вабо, танҳо аз талоши дастаҷамъонаи ҳар як сокини кишвар ва дар маҷмуъ, аз сарҷамъии миллату давлат вобастагӣ дорад.

Дар ин ҳолат, ҳар як нафар ё гурӯҳеву ҳизбе, ки набошад, бояд аз сарҷамъии миллату давлат андешаронӣ кунад, на аз парокандагии он.

Бешубҳа, миллати тоҷик, мардуми Тоҷикистон, баробари дигар миллатҳою давлатҳои олам, аз вазъи ба вуқӯъомада нигаронанду ба дасти кумак ниёз доранд, на ба тафриқаандозию андешарониҳои беасоси рақибону душманони миллат, ки мехоҳанд, аз ин ҳолати баамаломада ба манфиати худу хоҷагони худ суд биоранд. Ҳамаи ин амалҳои судҷӯёнаи хоинони миллат, бо дастгириҳои бевоситаи хоҷаҳои хориҷии наҳзатиёну гурӯҳи 24 маҳсуб ёфтаву ҳамаи онҳо беш аз пеш хусусиятҳои иғвоангезиро доранду барои манфиатҳои мисливу давлатии мо тоҷикон давое надорад.

Дар урфият мегӯянд, ки «Домони дурӯғ кӯтоҳ аст» ё худ «Офтобро бо домони олуда пӯшидан мушкил аст».  Мардуми Тоҷикистон медонанду огоҳанд, ки бархе аз ҳамватанони мо, пайравӣ ба Кабирии хоину пайравонашон аъзои ба ном “Паймони миллӣ” (наҳзатиёну гурӯҳи 24) намудаву аз ҳақиқати ҳол фарсахҳо дуранд, рӯзе пушаймон хоҳанд шуд.

Сад афсӯс, ки дар ин рӯзҳои мушкилу хатарафзо ба миллату давлати тоҷикон онҳо амалеро ба сомон расонида истодаанд, ки ҳайвон ба зоти хеш раво намебинад. Онҳо душмани ин миллату ин давлат ҳастанд.

Чӣ тавре ки мегӯянд, “дӯст дар либоси душман ҷилва мекунад”, ки ҳушёр будани мо барои мо фарз ва воҷиб мебошад, ки сарҷамъ шуда, бар зидди душманони миллат ва рақибони давлатамон бо тарсу таҳлуқа афтодан нею балки ба таври лозима омода гаштани худу ҷалби мардум, алалхусус ҷавонон барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вабо мебошад.

Ҳар як сокини мамлакат, ё худ ҳамватанони азизи дар муҳоҷират будаамон, бояд беш аз ҳарвақта ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаашон ҷиддӣ таваҷҷуҳ кардаву дар ин самтҳо бояд танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем ва нагузорем,ки ягон мазҳабфурӯшу хоини миллату давлат бо далелҳои беасосу бардурӯғ ва бемантиқ моро ба таҳлуқа андозанд. Боиси ифтихору сарафарозист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон волоияти қонунҳо ҳукмфармосту чӣ шаҳрванди кишвар ва чӣ ҳамаи сохтору ниҳодҳои дигари мамлакат дар доираи салоҳияти худ фаъолият кардаву дар доираи чаҳорчӯбаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доранд, ки бевосита бо хосту мароми халқи Тоҷикистон роҳбарияти он тариқи интихоботҳои шаффофу озодона интихоб гардидаанд.

 

Муҳаммаддовуди Ҳалимзода-раиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg