БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ ДАР ҲАЁТИ ИНСОНИЯТ

АНДЕША. Њамватанони азиз имрўзњо ба њамаи мову Шумо маълум аст, ки вазъи глобалии љањон рўз то рўз мураккаб гашта истодааст. Ва ин мураккабгардии вазъи љањонро наметавон пешгўї кард. Беморие, ки имрўз бо номи Коронавирус,  яъне Ковид-19  тамоми сокинони сайёраро ба ташвиш овардааст,  њар яки моро боз њам водор месозад, ки пеш аз њама, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ин беморӣ дар ќаламрави љумњурӣ аз тавсияњои Вазорати тандурустӣ ва њифзи иљтимоии ањолии Ҷумњурии Тољикистон бечунучаро истифода намоем. Барои ин њар як шахси соњибаќли сайёраро лозим аст, ки пеш аз њама, оид ба саломатии худ каме њам бошад,  андеша намояд. Чунки саломатӣ беҳтарин гавҳари ноёб дар ҳаёти инсоният мебошад. Маълум гардидааст, ки роњњои сироят аз ин вирус асосан тавассути нафаскашӣ ба амал омада, ба шахси сироятшуда ба монанди зукоми маъмулӣ, яъне (грипп) мегузарад. Хушбахтона, то имрўз дар давлати мо ин вабои аср ба ќайд гирифта нашудааст ва мардумро лозим аст, ки ба њар хел воњимаю хабарњои бардурӯғи бадхоњони давлату миллат (хоинони бурунмарзї) гӯш надода, баръакс, ба иттилооти давлатї эътимоди комил намоянд. Саломатии миллат боигарии давлат мебошад  ва давлатуЊукумат њамаваќт ба саломатии шањрвандонаш диќќати махсус дода,  ѓамхорї  зоњир менамояд. Имрўзҳо  Ҳукумати мамлакат зери роњбарии Пешвои ѓамхори миллат аз тамоми имкониятњо самаранок истифода намуда, љињати пешгирӣ ва нигоњ доштани саломатии ањолї аз њарваќта дида зиёдтар чорањои зарурӣ андешида истодааст. Аз ин лиҳоз,  моро месазад атрофи Пешвои миллат љамъ омада,  зањматњои шабонарўзии масъулинро нодида нагирем ва сари саломатии худ ва наздикон андеша намоем, дастуру супоришњоро сари ваќт иљро кунем, аз њарваќта дида бештар зањмат кашида, заминњои худро холӣ нагузорем ва зиндагию  бозорњои дохилиро бо мањсулотњои худӣ таъмин созем.

Илњом Даминов,  мудири шуъбаи таблиѓот, иттилоот ва матбуоти КИ ЊХДТ

дар ноњияи Вахш                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg