БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМОНАТБОНК БОНКИ МАРДУМӢ ВА МАСЪУЛИЯТШИНОС АСТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар маҷлиси ҷамбастӣ сараввал фаъолияти семоҳаи  ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк» бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  Ғуломов Саидасрор  мавриди баррасӣ қарор дода шуда,   сипас  тавсияҳо оид ба пешгирии бемории сироятии (COVID-19)  ва истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигии ба ҳамагон  дода шуд. Дар маҷлис аз ҷониби ташкилоти ибтидоии «Амонатбонк», ки бонки асосии мамлакат ба ҳисоб меравад ва ҳамаи намуди хизматрасониҳо, аз қабили пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет  ва гайрибуҷетӣ,  нафақаи нафақахӯрон, додани қарзҳои имтиёзнок ва дигар хизматрасониҳоро иҷро менамояд.

Дар самти додани карз гуфта шуд, ки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ, қарзи имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз» ба хоҷагиҳо пешниҳод менамояд бо 1,5%-и моҳона бо сомонӣ аз 3000 то 500000 сомонӣ ва бо 0,8%-и моҳона бо асъори хориҷӣ, ки ин иқдом  дар айни замон ба кишоварзону деҳқонон зарур аст дар шароити кунунӣ.

           

   

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg