БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРАКАТИ САВДО ДАР АРЗОНИИ НАРХ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо иштироки кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и назди Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар шаҳри Кӯлоб  дар бозорҳои марказии шаҳри Кӯлоб Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони “Баракати савдо дар арзонии нарх аст” баргузор карда шуд.

Зимни баргузории Аксия ҳизбӣ  масъулин қайд намуданд, ки боиси шукургузорӣ аст, ки имрӯзҳо аз баракати  суботу оромии  комил моҳи шарифи Рамазонро мардуми шарифи  Тоҷикистон бо осудагиву хотирҷамъӣ истиқбол гирифтанд. Танҳо чизе, ки мардумро тайи чанд рӯзи охир дар ин моҳи муборак  нигарон мекунад, ба таври сунъӣ аз ҷониби савдогарон боло бурдани нархи молу маҳсулоти хӯрока мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки  чунин чорабиниҳои ҳизбӣ  аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ  дар дигар   марказҳои     савдо низ  гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg