БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни пурифтихори миллат  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон сокинон, аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо азму иродаи қавӣ  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем»! дар корҳои созандагию бунёдкорӣ нақши беназири худро гузошта истодаанд.

Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Хироб”-и роҳи деҳа ва  қубурҳои обгузар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст, ки дар корҳои ободонӣ мардуми деҳа дар якҷоягӣ  бо кормандони ҳизби ноҳия якдилона ва содиқона барои тахту ҳамвор  намудани роҳи навбунёд ва насб кардани қубурҳои обгузар ба роҳсозон кӯмак намуда истодаанд. Ҳар як сокини деҳаи Хироб тасмим гирифтааст, ки дар  ин иқдоми созанда камари ҳиммат баста, ҳиссаи арзандаи хешро дар сохтмони ин роҳи  ояндасоз мегузорад. Ҳамарӯза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва амалӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем»! миёни сокинон бо иштироки  намояндагони ҳизбӣ бо маром идома дорад.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg