БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ДИГАРОНРО АЗ ИН БЕМОРӢ ҲИФЗ НАМОЕД!

 АНДЕША. Имрўзҳо дар тамоми ҷомеаи ҷаҳон таҳлукаи паҳншавии коронавирус бештар шуда истодааст. Одамоне, ки дар гӯшаҳои гуногуни олам зиндагӣ мекунанд, аз наздик шудани вируси нав ҳушдор медиҳанд, ки пешгирӣ беҳ аз табобат аст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси навро "COVID-19" ном дод ва аз олимон ва мутахассисон даъват кард, то давои ин вируси марговарро ҳарчӣ зудтар пайдо кунанд. Мутахассисон муайян карданд, ки вируси нав аз одам ба одам мегузарад ва суръати паҳншавии он назар ба зукоми оддии мавсимӣ тезтар аст. Аммо дар ҳақиқат вақте, ки ин коронавируси нав ба инсон сироят мекунад, ба узви бадани инсон чӣ мегузарад?

Ба гуфти олимон, беморӣ одатан дар се марҳила ба шуш таъсир мерасонад:

  • нусхабардории вирус
  • фаъолияти аз ҳад зиёди низоми масуният (низоми иммун)
  • вайрон шудани шуш

На ҳама беморон аз ин се марҳила мегузаранд. Дар асл, танҳо 25 дарсади беморони ба вируси роҳҳои нафас сироятшуда аз норасоии шадиди кори шуш азият мекашанд. Монанд ба ин, тибқи маълумоти пешакӣ, 82 фоизи ҳолатҳои сироят ба вируси (COVID-19) нишонаҳои сабуки бемориро ба бор меоваранд, ҳолатҳои боқимонда ҷиддӣ ё хатарнок мебошанд.

Бо мақсади муҳофизат кардани худ ва дигарон аз сирояти вирус, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштро тавсия медиҳад. Бояд зуд-зуд дастонро бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон, ҳангоми тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба ҳоҷатхона, пас аз олудан ба чирк ё партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча мепӯшонанд. Инчунин, Шумо аксар вақт бояд дастҳо ва рӯятонро бо моеи дорои спирт ё дигар воситаи антисептикӣ тоза кунед.

Духтурон, инчунин, тавсия медиҳанд, ки ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравем ва робитаи ҷисмониро бо одамоне, ки нишонаҳои зуком доранд, қатъ кунем. Эҳтиёт бояд шуд, то ба чашм, бинӣ, даҳон ва рӯямон даст назанем, зеро вирус худ ба худ аз сатҳи рӯй ба роҳи нафаси мо дохил намешавад. Вай ба миёнарав, яъне дастҳоямон ниёз дорад ва аз ин рӯ, бояд кўшиш ба харҷ дод, то бо дастони худ ашёи атрофро камтар даст расонем.

Хушбахтона, то имрўз дар Тоҷикистон ягон гирифтори бемории сирояткунандаи коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Тибқи баъзе гузоришҳо, паҳншавии коронавирус дар тамоми минтақаҳо коҳиш ёфтааст, аммо барои ором шудан ҳанӯз хеле зуд аст. Духтурон маслиҳат медиҳанд, ки ба воҳима наафтем, вале боз ҳам тамоми чораҳои эҳтиётиро биандешему ба кор андозем, чунки саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Моро мебояд, ки барои эмин нигоҳ доштани саломатии худ ва наздиконамон тамоми чораҳоро андешем, то ки ҳамеша сиҳату саломат бошем!

Салимова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg