БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ БЕЗАРАРГАРДОНӢ ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  бо  мақсади  пешгирии  бемории  коронавирус дар  ҳамкорӣ  бо  ташкилоти  ибтидоии «Дезенфексияи  профилактикӣ»-и  ноҳия вобаста  ба  шиддат  ёфтану   афзоиши  хатарҳои  глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси  даҳшатноки  «КОВИД-19» дар дидбонгоҳи  сарҳадии  Сангоба, ки  дар  ҳудуди ноҳия  ҷойгир мебошад, бо  сарбозону  афсарони  қисми  низомӣ  корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.  Дар чорабинӣ аз љониби кормандони Кумитаи иљроияи ноҳиявии ҳизб таъкид  гардид, ки  бемории  коронавирус  бемории  шадиди  сироятӣ  буда, дар  як  қатор  давлатҳо  паҳн  гардида , боиси  эпидемияи  дараҷаи  баланд гардидааст.  Роҳҳои  пешгирӣ  аз  ин вирус  пеш  аз  ҳама риояи  гигиенаи  шахсӣ, шустани  дастон  бо  собун пеш  аз  истеъмоли хӯрок  ва  пас  аз  истеъмол, истифода  аз  ниқобҳои  яккарата  мебошад.  Ҳангоми  шамолхӯрӣ  ва  зуком  ҳатман  худро  ба  духтур  муроҷиат

намоянд.  Ба  дидбонгоҳ  44  адад  ниқоб, 10  килограмм  маҳлули хлор   ва  маводҳои  таблиғотӣ  кумак карда шуда,  ҳудуди   дидбонгоҳ, роҳравҳо  ва биною  хобгоҳҳои  сарбозону  афсарон  бо  маводҳои  кимёвӣ  безарар гардонида  шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg