БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАНФИАТОВАР АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳр оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории коронавируси навъи (COVID-19) вохӯрӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Норак Гулмуродзода Қумригул  доир гардид.

Зимнан оид ба пешгирӣ аз ин беморӣ, варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон дастрас карда шуда,   Гулмуродзода Қумригул  қайд намуд, ки паҳншавии  босуръати ин вабо ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологияи  пешрафта таъсири худро расонидааст,  зиёни сахти ҷониву молӣ боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки ҳолатҳои беҳдоштиро хуб риоян намуда, худ ва наздиконро аз ин бемории даҳшатнок эмин нигоҳ дорад.

Инчунин, дар идомаи чорабинӣ оид ба истифода намудани ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида,  қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg