БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИДОМАИ МУЛОҚОТҲО ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

КӮЛОБ.  Дар доираи  Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021)

Давоми чанд моҳи охир дар тамоми ҷаҳон бемории коронавирус васеъ паҳн гардида, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Дар бораи ривоҷу равнақ додани  корҳои ободонию созандагӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалиҳои сироятӣ,  дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии репродуктивии шаҳрӣ”     вохӯрӣ баргузор  карда  шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб аз рафти ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ дидан намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони муттасаддӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Зимни  баромад маълум гардид, ки коронавирус барои афзоиши бештар ҳуҷайраҳои қабати болоии узвҳои ҳозима ва нафаскаширо интихоб намудааст. Тартиби афзоиши вирус чунон ноаён аст, ки ба ҳуҷайра танҳо як вирус дохил гардида, фаъолияти онро боз медорад ва супориш медиҳад, ки қисмҳои он тавлид гардида, ҷамъоварӣ карда шаванд.  Хушбахтона, дар Тоҷикистон  ҳолати бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва аз ҳар як сокини мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки тавсияҳои табибонро риоя намоянд. Дар ин росто оид ба  самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ба  иштирокдорон  тавсияҳо дода шуда, вохӯрӣ бо  саволу ҷавоб ба анҷом расид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg