БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА НАЗДИКОНАТРО АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС НИГОҲ ДОР!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи № 3” корҳои фаҳмондадиҳиро баргузор намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин дар суҳбат аз кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати  тарғиби тарзи ҳаёти солим, хизматрасониҳои хуби тиббӣ ба мизоҷон, ки онҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа масъуланд,   даъват ба амал оварда,  таъкид кард, ки  миёни аҳолӣ бештар  корҳои тарғиботиро ба роҳ монда, сокинонро аз нишонаҳои пайдоиши  бемории коронаврус огоҳ созанд.

Ҳамзамон,  дар ин раванд, иштирокдорон ба хотири таъмини зиндагии шоиста, доир ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон барои таъмини амнияти озуқаворӣ раҳнамоӣ карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg