БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН ДАР КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ФАЪОЛАНД

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ намудан аз паҳншавии бемории коронавирус ва мақсаднок истифода бурдани заминҳои корам гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби занони фаъол  ба маҳаллаи Зархез ташриф оварда, бо сокнинон суҳбат доир намуданд. Зимни вохӯриҳо, ки бо усули “хона ба хона” доир гардид, атрофи самаранок истифода бурдани заминҳои корам корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, таъкид доштанд, ки агар замин мақсаднок истифода шавад, ба фоидаи ҳар яки мо мебошад. Зеро аз  гирифтани ҳосили фаровон мо метавонем, дар амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорем.

Ҳамзамон,  зимни баргузории вохӯриҳо ба сокинон зиёда аз 200 адад маводҳои таблиғотӣ-иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg