БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУРОҶИАТНОМАИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕАИ ШАҲРВАНДИИ НОҲИЯИ ПАНҶ

  Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мо- мардуми сарбаланди ноҳияи Панҷ бо таъмин будани сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ дар кишвари азизамон, ба рушду инкишофи минбаъдаи давлатамон эътимоди комил дошта, муроҷиатномаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Зеро бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои  муаззами миллат дар як фазои сулҳу субот  кору зиндагӣ карда истодаем.

Дар шароити имрӯзаи созгори Ватани маҳбубамон, ки бевосита натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи самарабахши барномаҳои ҳадафраси кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба ҳамаи сокинони баору номуси ноҳияамон имконият фароҳам  омадааст, ки дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари азизамон саҳми муносиб гузорем.

Тоҷикистони мо ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таъсири ҳолати печидаву душвори дунё наметавонад дар амон монад. Пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус ба кишварҳои  хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вобаста ба вазъи баамаломада аз ҳар як шаҳрванди ноҳия даъват мекунем, ки дар пешгирӣ аз пайдоиш, интиқол ва паҳншавии ин вабо дар қаламрави ноҳияамон тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо саҳми шоистаи худро гузоранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешида истодааст, то ки дар кишвари мо он паҳн нагардад ва ба мардум сироят накунад. Мо низ бояд бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба масъалаи ҳифзи саломатии худ эътибори аввалиндараҷа диҳем, ҳамкории хешро бо Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ дареғ надорем.

Моро дар пеш ҷашни бузурги умумимиллӣ-30 солагии Истиқлолияти давлатӣ интизор аст. Дар таҷлили сазовори ин ҷашн ҳар як нафар метавонад бо тозаву озода нигоҳ доштани манзил, таъмини шароити арзандаи зисту таҳсил барои фарзандон, ободонии маҳал, истифодаи самараноки обу замин саҳми намоён гузорад.

Пойбанди тарзи ҳаёти солим будан, тозагиву нафосат, поку озода намудани маҳалли зист, ободониву хуррамгардонӣ яке аз суннатҳои мардуми мост, ки чунин муносибат ба саломатӣ ва ба муҳити зист метавонад омили муҳими пешгирӣ аз пайдоиши ҳама гуна бемориҳои сироятӣ гардад.

Аз вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот,роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,аъзои ҳизбҳои сиёсӣ, фаъолони маҳал даъват менамоем, ки дар миёни мардум корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳиро оид ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду- се ва ҳатто чор ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ вусъат бахшанд. Бояд дар якҷоягӣ аз эҳтимоли ба тарсу таҳлука афтодаи омма пешгирӣ намоем, зеро зарари тарсу воҳима аз ҳар ҷиҳат аз худи беморӣ зиёдтар шуда, боиси ба вуҷуд омадани қаҳтиву қиматӣ ва наҳс мегардад.

Ба ҷойи воҳимаю таҳлука мо бояд тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя намуда, шаҳарвандонро ба истифодаи самарабахши заминҳои наздиҳавлигию наздиидоравӣ ҳидоят кунем.

Имрӯзҳо авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабабҳои буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодию молиявӣ номуътадил буда, тибқи арзёбии Роҳбари давлатамон, ин вазъ аз нигоҳи амниятиву бехатарии ҳар як давлат ва шаҳрвандони он махсусан  аз ибтидои соли 2020 нисбат ба давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон рӯз ба рӯз вазнину хатарнок гардида истодааст. Дар ин рӯзҳои  ҳассос расонидани ёрӣ ба ятимону бепарасторон, пирони яккаву танҳо, оилаҳои камбизоатро низ намбояд фаромӯш созем.

Мо бояд дар атрофи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, раванди созандагиву бунёдкорӣ, кишти баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзиро вусъат бахшем, хулоса ҳар яке дар ҷойи кори худ содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва ҳамдигар собит намоем.

Бовар дорем, ки мардуми шарафманди ноҳияи Панҷ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ беш аз пеш ташаббускору пешсаф гардида, дар якҷоягӣ ба рӯзу рӯзгори шоиста, татбиқи ҳадафҳои олии стратегии мамлакат ноил хоҳем шуд.

Муроҷиатномаи мазкур дар маҷлиси фаъолони ноҳияи Панҷ санаи 20 апрели соли 2020 қабул гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg