
АНДЕША. Ҳанӯз чандсол қабл Пешвои муаззами миллатмон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тағирёбии иқлим ва паёмадҳои нохуби он дарак дода буданд. Ҳамеша огоҳ менамуданд, ки ҷаҳони муосир, ки хело бо суръати кайҳонӣ, ҳар сония тағйир меёбад ва дар баробари ихтирооту кашфиётҳои бузург, дар рӯ ба рӯи инсонҳои кураи замин таҳдидҳое қарор мегиранд, ки чун муаммои сарбаста боқӣ мемонанд. Бемории Коронавирус аз ҷумлаи хатарҳои замони нав аст. Ҷаҳон аз ин хатар дар ҳарос монда, ин эпидемия рӯз то рӯз домани ҷуғрофии худро васеъ намуда, паҳн мегардад. Садҳо мутахассисони соҳаи тибби ҷаҳони байналмилал роҳи табобати ин бемориро наёфтаанд. Шукри Худованди бузург, ки фазои Тоҷикистон ором ва амнияти солимии аҳолӣ таъмин аст. Риояи қатъии бехдошти фардӣ ва гигиенаи санитарии шахс кафили саломатии бардавом ва таъмини бехатарӣ дар ҷомеа мебошад.
Дилафрӯз Шукруллозода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён