БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЯД БА ТАҲЛУКА НААФТЕМ ВА КОРҲОИ КИШОВАРЗИРО ВУСЪАТ БАХШЕМ

АНДЕША. Вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир, ки тавассути расонаҳои хабарӣ ба мардум маълум аст, тақозо менамояд, ки ба оянда бо андешаҳои неку наҷибона ва бо боварӣ назар афканем, ояндадӯст бошем, нисбати ҳар гапу калоча бошуурона рафтор кунем ва муносибатамон ба зиндагӣ, ба ҳаёт боварибахшона бошад. Паҳншавии бемории коронавирус (COVID – 19), ки мардуми бисёр мамолики оламро ба таҳлуқа андохтааст, хушбахтона, дар Љумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз  ба қайд гирифта нашудааст, вале ин маъное надорад, ки мо бетарафӣ зоҳир кунем ва ҷиҳати пешгирии ин вабои аср чораҳо наҷӯем. Тавре дар изҳороти Вазири тандурустии Љумњурии Тољикистон оид ба ин беморӣ қайд гардидааст, мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла ноҳияи сарҳадии Панҷ, дар самти пешгирии ин бемории сироятӣ чораҷӯиҳои зиёде намудааст. Риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, иҷрои бечунучарои тавсияҳо оид ба пешгирии ин беморӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳатмист. Вале ба таҳлуқа, наафтода тамоми фаъолияти мардум барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, зироатаҳои мавриди ниёзи мардум, ҷамъоварии бенуқсони ҳосил, бекор намондани ягон порчаи замин, парвариш ва гирифтани ду- се ҳосил, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ , қитъаҳои замини назди муассисаю коргоҳҳо, таълимгоҳҳо, умуман аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурдан лозим, то ки амнияти озуқаворӣ пурра таъмин гардад.

Мо аслан тарафдори дар ҷумҳурӣ эълон намудани карантин нестем ва бояд фаъолияти меҳнатиамонро аз пештара дида зиёд кунем. Имрӯз дар ҷумҳурӣ бемории пневмания (зукоми муқаррарии гузаранда) вуҷуд дорад, вале онро табобат бояд кард ва табобати он имкониятҳои фаровон дорад. Аз ин ҳам набояд ба таҳлуқа афтод. Мардуми мо хушбин ҳастанд ва ба оянда назари нек доранд. Боварӣ ҳаст , ки ягон фарди ҷумҳурӣ дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир бекор наистода, баҳри пешрафти зиндагӣ саҳми арзишманди худро мегузорад.

Фозилҷон Нуров, сармуҳаррири рӯзномаи “Ҳаёти нав”-и ноҳияи Панҷ

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg