БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

FАМХОРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НИСБАТ БА ШАҲРВАНДОН

АНДЕША. Мусаллам аст, ки имрӯз зиёда аз 200 давлатҳои хурду бузурги олам мубталои бемории сироятии Коронавирус навъи «COVID-19» гардида, ҷаҳони муттарақии имрӯзаро ба ташвиш овардааст. Миллионҳо одамон ба ин касалӣ гирифтор шуда, садҳо ҳазор фавтидаанд. Тамоми мутахассисони шинохтаи соҳаи тиб бобати табобат ва паҳн нашудани он роҳҳои гуногунро ҷустуҷӯ доранд. Лекин мутаассифона хуруҷи ин беморӣ то баҳол идома дорад.

Роҳбарияти олии кишварамон аз рӯзҳои аввали паҳншавии бемории «COVID-19» чораҳои заруриро вобаста ба пешгирии ин беморӣ андешида, сарҳадро бо кишварҳои ҳамсоя муваққатан баст. Дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳию профилактикиро оғоз намуда, мардумро ба риояи бечунучарои талаботи санитарию гигиенӣ даъват намуд. Натиҷаи ҳамин аст, ки то имрӯз, дар Ҷумҳурии Тоҷикситон ягон ҳолати нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Имрӯз бисёр мамлакатҳои дунё вобаста ба ин мушкилот карантин эълон кардаанд. Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати эълон шудани ин вазъиятро дар кишвар намебинад, чунки хушбахтона шаҳрвандони мо то кунун ба ин беморӣ гирифтор нашудаанд. Муваққатан бастани масҷиду мактабҳо, боғчаҳои бачагона ва манъ кардани ҷамъомаду семинарҳои серодам, ин дар муддати чанд рӯз амалӣ намудани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ ба ҳисоб рафта, ин амал ягона роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ ба ҳисоб меравад.

Мо мардуми Тоҷикистон ин амали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистонро саривақтӣ ва мақсаднок арзёбӣ намуда, онро пурра ҷонибдорӣ менамоем.

Ҳасанова Нигора,    сокини  ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg