БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШУКРОНА, КИ КИШВАРАМОН АЗ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС ЭМИН АСТ

АНДЕША. Имрӯзҳо насли нуҳуми навъи Коронавирусҳо бо номи “Covid-19”, дар саросари ҷаҳон паҳн гардида, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо шумули давлатҳои абарқудраттаринро ба ташвиш оварда, ба сатҳи рушди саноат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти тамоми давлатҳо таъсири ногузирӣ расонида, ҳазорон нафар сироятёфтагон ҷон бохтанду садҳо ҳазори дигар мубталои ин пандемия гардидаанд. Хушбахтона, сирояти ин вируси даҳшатангез дар давлати мо- Тоҷикистони азиз то ҳол ба қайд гирифта нашудаасту ва мову шумо шоҳид ҳастем, ки тавассути шабакаҳои расмии давлатӣ ҳар лаҳза мутмаину воқиф мегардем, ки дар асл сироятшавї ба ин беморӣ дар давлати мо вуҷуд надорад. Зимнан нашрияи Бритониёгӣ Дейли Майл қайд кардааст, ки Тоҷикиситон ба рӯйхати кишварҳои аз коронавирус озод дохил шудааст. Нахустин ҳолатҳои пайдоиши ин бемории сироятӣ, ки нишонааш илтиҳоби ғайримуқарарии шуш мебошад, дар шаҳри Ухани давлати Чин моҳи декабри соли 2019 ошкор шудаасту ва то имрӯз ба зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон паҳн гардидааст. Бо афзун шудани хабару гузоришҳои дар ВАО-и ғайрирасмӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда мардум набояд ба ҳар иғвоҳои асоснадоштаи ин шабакаҳо дар ҳол боварӣ ҳосил кунанд ва ба руҳу равони хеш ва дигарон аз лиҳози равонӣ зарбаи афсурдаҳолкунанда зананд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳолати шамолхӯрӣ ё зуком набояд ба ваҳму таҳлука афтид, чунки на ҳамаи ин ҳолатҳое, ки мо мебинем гирифтории сироятшавӣ ба Коронавирус аст. Мутаассифона, бо сабаби бемории илтиҳоби шуш (пневмония) якчанд нафар шаҳрвандони мо, ки пештар ба ин бемориҳои сироятии илтиҳоби шадиди шуш гирифтор буданд, ба ҳалокат расиданд. Ин қазия дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомаҳои нав ба навро барпо намуд. Ва барангехтани чунин иғвову дассиса на бояд мардуми моро ба вартаи ноумедиву таҳлука бикашад. Мо бояд фарқияти калони ин беморињоро илтиҳоби шуш (пневмония) -ро аз “Covid-19” бо асоснокии дастури махсуси тибии табибон фарқ карда тавонем. Бешак дар Тоҷикистони мо ҳамасола дар мавсимҳои гуногун хуруҷи бемориҳои алергетикӣ ва роҳи нафас зиёда аз 30000 (си ҳазор) нафарро сироят карда, аз ин ҳисоб зиёда аз 1 700 (як ҳазору ҳафсад) нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Боиси хушбахтист, ки сирояти Коронавирус, дар Тоҷикистон то имрӯз ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он ҳамаҷониба аз тарафи давлату ҳукумат рӯз то рӯз пурзӯр мегардад. Ҳамарӯза ҷаласаҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории “Covid-19” доир мегардад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдошти солимии шаҳрвандон тамоми чораҳои дахлдорро сари вақт амалӣ намуда истодааст. Дар ин росто зиёда аз ҳаштуним ҳазор нафар шаҳрвандону меҳмонони Ватани мо, ки хориҷ аз кишвар буданд, ҳангоми ба Ватан баргаштан бо шарту шароитҳои мусоид ба карантин фаро гирифта шуданду кулли онҳо солим ва орӣ аз сироятёфтагон дар муҳлатҳои муайянгардида аз карантин озод шуданд. Дар асоси қарори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории “Covid-19” аз 27  апрели то 10 - уми майи соли 2020 ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва бехатарии аҳолӣ, махсусан кӯдакону наврасон дар муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шурӯъ аз рӯзи 27-уми апрел то 10-уми майи соли 2020 муваққатан таътил эълон карда шуд. Андешидани чунин тадбирҳои саривақтӣ байни хонандагон ва безараргардонии тамоми муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои пешгирии сироятшавӣ ва таъсири мусбӣ ба генафонди миллат аст. Мутаассифона мо шоҳид ҳастем, ки давлатҳое чанд барои сироятёбӣ ба “Covid-19” карантин эълон кардаанд, аз лиҳози иқтисодӣ зарари бузург дидаанд, ки албатта, ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири бади худро расонидааст.

Мардуми мо, ки бештараш барзгару кишоварзонанд, ин шабу рӯзҳо барои пур кардани сабади истеъмолии хӯрокаи мову шумо заҳмат мекашанд ва моро лозим аст, ки дар ин шабу рӯзҳои ниҳоят ҳассос бо як неруи хос ва тавоно заҳмат кашему барои таъмини озуқаворӣ ягон ваҷаб замини зархезамонро бе кор намонда, аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода карда, ба коштани зироатҳо ва ғундоштани ҳосилҳои барвақтӣ машғул шавем. Ҳамзамон нагузорем, ки баъзе таҳлукаву иғвоҳо ба рушди саноат ва иқтисодиёти кишварамон таъсири манфии худро гузорад. Тамоми дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлатамон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намоем, ки дар яке аз баромадҳояшон чунин қайд карданд. “Фаромӯш набояд кард, ки агар мо ба тарсу ҳаррос ва воҳимаю таҳлука афтода, кор накунем, вазъияти худамонро боз ҳам вазнин мекунем ва талафоту зиёни чунин кор аз хисороти бемории коронавирус бештар хоҳад шуд”. Мо мардуми меҳнаткашу заҳматқарини тоҷик метавонем ин мушкилиҳои ҷойдоштаро сарбаландона паси сар намоем. Барои пешрафт ва зиндагии арзандаву шоистаи мардум шабонарӯзӣ талош варзем.

Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg