БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИҚҚАТ, ОЗМУН !

         Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо мақсади таҳкими фаъолият вобаста ба татбиқи амалии ҳадафҳои ҳизбӣ ва омодасозии идеологони ҷавон, зимнан барои ташкили гурӯҳҳои волонтёрии ҳизбӣ озмун  эълон менамояд.

         Волонтёрони интихобгардида дар шаҳри Бохтар ва ё дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси шартнома фаъолият менамоянд. Волонтёрон бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи “Шаҳодатномаи волонтёрӣ” ва дафтарчаи волонтёрӣ таъмин мегарданд.

 

  1.ШАРТҲОИ ОЗМУН:

        Довталаб бояд ба талаботи зерин ҷавобгу бошад:

1.1. 18 то 24 сола бошад;

1.2.Малакаи суханвариро доро бошад;

1.3.Донишҷӯи бахши якум ва дуюм бошад;

1.4.Дар самти кор бо технологияи иттилоотӣ ва компютерӣ, аз ҷумла танзими кори дастгоҳҳои компютерӣ фаъол бошад;

1.5.Азму хоҳиши иштирок ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дошта бошад;

1.6. Ба ҲХДТ содиқ бошад;

 

                         2.МАКОН ВА ШАРОИТИ  КОРӢ:

 

2.1.Ҷойи фаъолият дар бинои Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ороста мешавад;

2.2.Барои волонтёр шароити зарурии корӣ фароҳам оварда мешавад;

2.3.Тамоми хароҷоти марбут ба ниҳоди корӣ, ба монанди пайвастшавӣ бо интернет,  маводи дафтардорӣ ва ғайра таъмин карда мешавад;

 

Барои  иштирок  дар  озмун  тарҷумаи  ҳол  ва  расм  ба  андозаи  3-4 (ду дона) талаб карда мешавад.

 

Суроға: шаҳри Бохтар кўчаи Айнӣ - 47, тел: (83222) 2-82-92, +992938004676

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg