БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Санаи 17 марти соли 2020 бо иштирок ва суханронии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин Иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон интихоб гардид.

Боиси зикр аст, ки  тайи солҳои раисии шаҳри Душанберо ба уҳда доштани муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе воқеан ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва пешрафтаи минтақа ва ҳатто ҷаҳон эътироф карда шуд.

Имрӯз сокинони ҷумҳурӣ ва меҳмонони аз хориҷи кишвар ташрифоварда ҳангоми ба шаҳри Душанбе ворид гардиданашон аз зебогӣ, ҳусну тароват ва ободии пойтахти ҷумҳуриамон -Тоҷикистон ғизои маънавӣ гирифта, аз зебогии он ҳаловат мебаранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ин пешрафту ободиҳои шаҳри Душанбе тайи солҳои охир бо заҳмат ва дастгириҳои бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба амал омаданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун ҷавони фаъолу кордон ва меҳнатдӯст ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданаш дар ҳақиқат номзади арзанда ва сазовор  мебошад.

Лозим ба ёдовариаст, ки баъд аз ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе таъин гардидани  муҳтарам Рустами Эмомалӣ, новобаста ба ҷавон буданаш дар вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ ва зебогии пойтахти чумҳуриамон шаҳри Душанбе мунтазам кӯшиш ба харҷ дод. Маҳз тавассути кордониву заҳмати шабонарӯзии ӯ имрӯз шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа ва дунё  мубаддал гардидааст.

Мардуми сарбаланд ва меҳнатдӯсти ноҳияи Панҷ, аз он ҷумла аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия  ба ҳайси  раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирию љонибдорӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавонем, ки ӯ ҳамчун ҷавони кордону боғайрат ва меҳнатдӯст дар таҳия, қабул ва ҷонибдории қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба пешрафти ҳаёти  мардуми кишвар мусоидат менамояд, саҳмгузор хоҳад буд. Мардуми меҳнатдӯст ва шарафманди ноҳияи Панҷ якдилона ба њайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷонибдорӣ намуда, дар партави сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва ободии кишвар саҳми босазои худро  хоҳанд гузошт.

 

Комилов Сироҷиддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg