БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОНИ ШАҲР ҲАР ҚИТЪА ЗАМИНРО САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕБАРАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳошияи дастуру супоришҳои   мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID -19) имрӯзҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Норак  корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо усули “хона ба хона”  идома доранд.

Намояндагони ҳизбӣ дар ин чорабинӣ бо сокинон суҳбат доир намуда, ҳамзамон бо тарзи зист, рӯзгордорӣ, ҳолати тозагии манзили онҳо шинос шуда, усулҳои пешгирии амрози сироятӣ ва риояи гигиенаи шахсиро фаҳмониданд.

Инчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон аз ин бемории хафнок ба онҳо маводҳои таблиғотӣ дар шакли варақаҳо  дастрас карданд.

Дар идома  таъкид карданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ роҳи асосии пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад. Аз ин хотир барои эмин мондан аз чунин бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ, тозагии манзили зист диққати ҷиддӣ додан шарт ва зарур аст. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои гузариш дошта, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст. Паҳншавии коронавирусро дар бисёр кишварҳои дунё мушоҳида намудаанд.

Ҳамзамон оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла паҳншавии вируси даҳшатноки “COVID-19”  корҳои мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро  ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба дарки ҳамагон расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg